Июн 13, 2019 10:20 Asia/Dushanbe
  • Нишасти хабарии сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Жопон дар Теҳрон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Жопон бомдоди панҷшанбе дар нишасти хабарӣ дар Теҳрон дидори раиси ҷумҳури Эрон ва нахуствазири Жопонро мусбат ва муфид арзёбӣ кард.

Токшӣ Ошога Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Жопон дар бораи бархе хабарҳо мабнӣ бар ин ки қарор аст Абе Шинзо нахуствазири Жопон аз Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон барои ширкат дар иҷлоси Ҷи-20 даъват кунад, то дар ҳошияи ин иҷлос имкони дидори мустақими вай ва Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико фароҳам шавад афзуд, дар ин маврид иттилое надорам ва баид медонам чунин чизе бошад.

Токшӣ Осога бо ишора ба инки номи кишварҳои ширкаткунанда дар иҷлоси Ҷи-20 мушаххас аст ва ҳудуди 20 рӯзи дигари ин иҷлос баргузор мешавад гуфт, руйхатти ниҳоии кишварҳои ширкаткунанда дар ин иҷлос баста шудааст ва эҳтимол намедиҳам, ки Эрон дар ин рӯйхат бошад.

Барчасп