Бозтоби сафари Шинза Абэ ба Теҳрон дар расонаҳои Ҷопон
(last modified Thu, 13 Jun 2019 11:41:36 GMT )
Июн 13, 2019 16:41 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби сафари Шинза Абэ ба Теҳрон дар расонаҳои Ҷопон

Сафари нахуствазири Ҷопон ба Эрон дар телевизион ва хабаргузории расмии ин кишвар бозтоби густурдае доштааст.

Телевизиони давлатии Ҷопон (N.H.K) рӯзи панҷшанбе дар гузорише зимни инъикоси сафари дурӯзаи Шинза Абэ, нахуствазири Ҷопон ба Теҳрон гузориш кард, сафари вай сабаби густариши дӯстии деринаи Теҳрон - Токио мешавад.

“N.H.K” бо ишора ба инки Абэ дар байни афзоиши танишҳои минтақаӣ ба иллати ихтилоф миёни Эрон ва Амрико аз рӯзи чаҳоршанбе вориди Теҳрон шудааст, идома дод, Абэ аввалин нахуствазири Ҷопон аст, ки дар 41 соли гузашта ба Эрон сафар мекунад.

Телевизиони давлатии Ҷопон эълом кард, нахуствазири ин кишвар қарор аст, имрӯз (панҷшанбе) бо раҳбари муаззами Инқилоби Исломии Эрон ҳам дидору гуфтугӯ кунад.

Бар асоси гузориши телевизиони Ҷопон, сулҳу субот дар ғарби Осиё барои Ҷопон, ки ба энержии ин минтақа вобастааст, ҳаётӣ аст.

Хабаргузории расмии Ҷопон "Kyoudou" ҳам дар гузорише ба инъикоси сафари нахуствазири ин кишвар ба Теҳрон ва дидори вай бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон пардохт.

Ин хабаргузорӣ бо ишора ба конфронси матбуотӣ ва ҳамчунин музокироти Абэ бо раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом кард, нахуствазири Ҷопон дар ин дидор аз Рӯҳонӣ дархост карда барои коҳиши таниш дар минтақа талош кунад.

Шинза Абэ (Abe Shinzō), нахуствазири Ҷопон дирӯз (чаҳоршанбе) дар сафари дурӯза вориди Теҳрон шуд.