Июн 14, 2019 20:31 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Миллати Эрон ҳаргиз зери фишор музокира нахоҳад кард

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, музокира бо Амрико ҳеҷ суде надорад ва миллати Эрон зери бори фишорҳои иқтисодӣ ҳаргиз музокира нахоҳад кард.

Оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ гуфт, ҳокимони амрикоӣ, мисли Доналд Таромп, Ҷон Болтон ва Майк Пампео садоқат надоранд ва иддаои омодагии Амрико барои музокира бо Эрон дурӯғи бузурге аст, зеро Трамп бо кашондани Эрон ба пойи мизи музокира он ҳам дар остонаи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар пайи касби раъй аст. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки Эрон таҷрибаи музокира дар мавзӯи ҳастаиро такрор нахоҳад кард, афзуд, баёноти Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар дидори Абэ Шинзо, нахуствазири Ҷопон хирадмандона ва ҳушёрона буд ва бо напазируфтани паёми раисҷумҳури Амрико низ Трампи мутакаббирро таҳқир кард.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ба наслкушии Оли Сауд дар Яман низ ишора карда гуфт, ҳар ҷо номе аз қатлу ғорат ба миён меояд, номи саудиҳо мушоҳида мешавад ва ин режим бо нобудии зерсохтҳои Яман ҷони ҳазорон кӯдак ва зани бегуноҳи яманиро гирифтааст. Оятуллоҳ Хотамӣ ҳимоятҳои Арабистони Саудӣ ва Аморотро аз Шӯрои низомии Судон дар куштори муътаризон дар ин кишвар ёдовар шуд ва ҳамчунин гуфт, эъдоми муътаризони арабистонӣ, аз ҷумла кӯдакон низ нишондиҳандаи хӯи ҷинояткории режими Саудӣ аст.

 

Барчасп