Иди Саиди Ғадир муборак бод
18-уми зилҳаҷҷа мусодиф бо 20-уми сентябр Иди Ғадири Хум, солрӯзи вилояти ҳазрати Алӣ (ъ) ва аз идҳои бузурги мусулмонон аст.
Ғадири Хум, номи минтақае байни Макка ва Мадина аст, ки паёмбари гиромии Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) дар бозгашт аз охирин Ҳаҷи худ, ҳамаи мусулмонони ҳозир дар ҳаҷро дар ин минтақа ҷамъ ва дар ҳузури онон ҳазрати Алӣ (ъ)-ро ба унвони васӣ ва ҷонишини худ аз ҷониби Худованд муаррифӣ карданд.
Паёмбари гиромии Ислом (с) дар хитобаи муҳимми Ғадири Хум фармуданд: "Ҳар онкас, ки ман мавлои ӯ ҳастам, Алӣ мавлои ӯст".
Иди Саиди Ғадири Хумро метавон ба бузургтарин иди ҳамаи адёни Илоҳӣ таъбир кард, зеро бар асоси оёти Қуърон, Худованд дар ин рӯз неъматро бар инсон комил кард ва ҳосили заҳамоти ҳамаи фиристодагони Илоҳӣ, дар ин рӯз ба натиҷа расид.
Мардуми вилоятмадори Эрони исломӣ дар шабу рӯзи Иди Ғадир бо барпоии маросими ҷашн, шодмонӣ ва дидор бо хонаводаҳои содот (саидҳо) Худовандро бар неъмати бузурги Ислом ва вилоят шукр мекунанд.
Радиои тоҷикии садои Ҷумҳурии Исломии Эрон фарорасидани Иди Саиди Ғадири Хумро ба ҳамаи мусулмонон ва озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.