Июн 16, 2019 13:35 Asia/Dushanbe
  • Зарфиятҳои Қафқози шимолӣ  барои тавсеаи равобити тиҷорӣ-фарҳангии Эрон ва Русия

Вазири неруи Эрон гуфт, Қафқози шимолӣ бо бархурдорӣ аз ҳамаи манобеи лозим зарфияти билқувва ва нақши муҳимме барои тавсеаи равобити тиҷорӣ, илмӣ ва фарҳангии Эрон ва Русия дорад.

Ризо Ардакониён имрӯз якшанбе дар маросими ифтитоҳияи дуввумин ҳамоиши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва фарҳангии Эрон ва Қафқози шимолии Русия дар Теҳрон ба зарфиятҳои ду тараф дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ ишора кард ва афзуд, иҷрои бекор кардани руйдоди гардишгарӣ метавонад кумаки зиёде барои густариши ин ҳамкориҳо дошта бошад.

Вазири неруи Эрон бо ишора ба ин ки минтақаи Қафқоз дар кридори шимолу ҷануб заминаи хубе барои ҳамкории ду кишвар дорад гуфт, иттисоли райлии Эрон метавнад заминасози фаолияти бештари Эрон ва Русия бошад, ки умедворем бо иттисоли хатти райлии Рашт-Астара ҳалқаи ниҳоии Эрон ва Русия такмил ва равобити тиҷории ду кишвар тавсеа ёбад.

Вай ҳамчунин ба тавсеаи ҳамкории Эрон ва Русия дар ҳавзаи кишоварзӣ ишора кард ва гуфт, иттисоли барқи Эрон ба Русия низ аз дигар ҳавзаҳои равобити тиҷорӣ байни ду кишвар аст, ки ин иттисол аз тариқи Арманистон ва Тоҷикистон бояд ба зудӣ барқарор шавад.

Сергей Чеботарев вазири Қафқози шимолии Русия ҳам дар ин маросим бо ибрози умедворӣ нисбат ба афзоиши се баробарии ҳаҷми тиҷории ду тараф гуфт, мубодилоти тиҷории Эрон ва Русия дар соли 2018 муодили як миллиарду ҳаштсад миллион доллар буда, ки ин рақам нисбат ба соли 2017 ду дарсад афзоиш доштааст.

Вай ҳамчунин аз имзои даҳҳо қарордод ва мувофиқатнома дар ҳамоиши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва фарҳангии Эрон ва Қафқози шимолӣ хабар дод.

 

Барчасп