Июн 17, 2019 18:59 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Теҳрон омодаи густариши ҳамкорӣ бо Душанбе дар ҳамаи арсаҳост

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Эрон аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ҳамаи арсаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва байналмилалӣ истиқбол мекунад.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи душанбе ҳангоми дарёфти устуворномаи Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон, ба иштирокоти таърихӣ, забони муштарак, фарҳангӣ, забонӣ ва динии ду миллат ишора кард ва гуфт, равобити Эрон ва Тоҷикистон реша дар фарҳангу адабиёти таърихии ду миллат дорад ва бояд аз ин фурсат барои тавсеа ва иртиқои равобит дар ҳамаи заминаҳо истифода кард.

Рӯҳонӣ бо ёдоварии аҳамияти бандари Чобаҳор дар ҷануби шарқи Эрон барои тавсеаи минтақа, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт, бо тавсеаи долонҳои иртиботӣ ва ба вижа ҳамлунақли рейлӣ, заминаи тавсеаи равобити густурдатари иқтисодӣ низ афзоиш хоҳад ёфт.

Вай ҳамчунин аз мизбонӣ ва баргузории шоистаи давлати Тоҷикистон дар иҷлоси сарони СИКА қадрдонӣ кард.

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон низ бо тақдими устуворномаи худ ба раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, таҳким ва тавсеаи муносибот байни Эрон ва Тоҷикистон аҳамияти асосӣ дорад.

 

Барчасп