Июн 18, 2019 12:39 Asia/Dushanbe
  • Эрон даргузашти Муҳаммад Мурсиро таслият гуфт

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон даргузашти Муҳаммад Мурси раиси ҷумҳури пешини Мисрро таслият гуфт.

Ба гузориши ИРНО, саид Аббоси Мусавӣ сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон хабари даргузашти Муҳаммад Мурси раиси ҷумҳури пешин ва баромада аз нахустин интихоботи бузурги мардумӣ баъд аз пирӯзии наҳзати мардумии Мисрро муҷиби таассур ва таассуф хонд ва афзуд, Эрон зимни эҳтиром ба дидгоҳи миллати Миср даргузашти Муҳаммад Мурсиро ба мардум, хонавода ва бозмондагон ва дустдорони вай таслият мегуяд.

Мусавӣ барои раиси ҷумҳури пешини Миср ғуфрон ва раҳмати восеаи илоҳӣ, барои бозмондагони вай сабр ва барои миллати Миср муваффақияти рӯзафзун орзӯ кард.

Муҳаммад Мурси дар 24 июни 2012 бо касби 51 /73 дарсади орои мардум ба унвони панҷумин раиси ҷумҳури Миср ва нахустин раиси ҷумҳури ин кишвар пас аз инқилоби соли 2011 интихоб шуд.

Мурси дар севвуми июли 2013 пас аз нооромиҳои чандрӯза ва ҳолати буҳронии Миср дар паи кудатои артиши азлу зиндонӣ шуд.

Додгоҳи Миср баъд аз азли Мурси вайро ба ҷурми таҳрики хушунат миёни неруҳои амниятӣ ва муътаризон ба 20 сол зиндон маҳкум кард.

Вай як моҳ баъд аз ин ҳукм аз сӯи додгоҳе дар Қоҳира ба иттиҳоми созмондиҳии ҳамла ба як зиндон дар соли 2011 ба эъдом маҳкум шуд.

Додгоҳи Қоҳира дар 21 июни 2015 бори дигар Мурсиро ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Қатар муҳокима кард.