Роҳёбии тими Эрон ба марҳилаи ниманиҳоии футзали зери 20 соли Осиё
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i44544-Роҳёбии_тими_Эрон_ба_марҳилаи_ниманиҳоии_футзали_зери_20_соли_Осиё
Тими миллии футзали Эрон бо шикасти Лубнон ба марҳилаи ниманиҳоии футзали зери 20 соли Осиё роҳ ёфт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 19, 2019 10:15 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии тими Эрон ба марҳилаи ниманиҳоии футзали зери 20 соли Осиё

Тими миллии футзали Эрон бо шикасти Лубнон ба марҳилаи ниманиҳоии футзали зери 20 соли Осиё роҳ ёфт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, футзалистҳои Умеди Эрон сешанбешаб дар марҳилаи як чаҳоруми ниҳомии рақобатҳои футзали зери 20 соли Осиё дар Табриз (шимоли ғарби Эрон) бо шикасти 3 бар яки Лубнон ба ниманиҳоии ин рақобатҳо расиданд.

Тими миллии футзали Умеди Эрон дар ниманиҳоӣ баробари Жопон хоҳад рафт.

Мусобиқоти футзали зери 20 соли қаҳрамонии Осиё бо ҳузури тимҳои Эрон, Афғонистон, Гонг-Конг, Тайланд, Лубнон, ҷумҳурии Қирғизистон, Жопон, Ветнам, Тоҷикистон, Ироқ, Индонезия ва Тайван дар Табриз дар ҳоли баргузорӣ аст.