Июн 21, 2019 18:20 Asia/Dushanbe
  • Эҳзори сафири Швейтсария дар Теҳрон ба Вазорати умури хориҷаи Эрон

Вазорати умури хориҷаи Эрон, сафири Швейтсария ба унвони ҳофизи манофеи Амрико дар Теҳронро ба далели тааррузи Амрико ба ҳарими ҳавоии Эрон эҳзор кард.

Дар нахустин соатҳои бомдоди рӯзи панҷшанбе як ПАҲПОД-и ҷосусии “Global Hawk” -и Амрико пас аз таҷовуз ба ҳарими сарзаминии Эрон дар минтақаи рӯбарӯи кӯҳи Мубораки устони Ҳурмузгон (ҷануби Эрон), ҳадафи оташи падофанди Нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ қарор гирифт ва сарнагун шуд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Муҳсини Баҳорванд, дастёри вазир ва мудири кулли амрикоии Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа дар дидори Маркус Лейтнер, сафири Швейтсария дар Теҳрон, бо ироаи ёддошти расмӣ, ба таҷовузи ПАҲПОД-и ҷосусии Амрико ба қаламрави ҳавоии ҷумҳурии исломӣ эътироз кард ва давлати Амрикоро масъули авоқиби ин гуна иқдомоти таҳрикомез донист.

Баҳорванд бо ироаи ҷузъиёти бештар аз чигунагии таҷовузи ПАҲПОД-и ҷосусии Амрико, аз ҷумла эъломи мухтасоти ҷуғрофиёии дақиқи маҳалли исобати ин ПАҲПОД дар қаламрави Эрон, ба вай гуфт: “Бақоёи лошаи ҳавопаймои соқитшуда низ дар обҳои Эрон ёфт шуда ва дар ихтиёри нерӯиҳои мусаллаҳи Эрон қарор дорад, ки дар сурати лузум нишон дода хоҳад шуд.

Дастёри вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки ҷумҳурии исломӣ ба дунболи ҷанг бо ҳеҷ кишваре, аз ҷумла Амрико нест, таъкид кард, нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ҳеҷ гуна иқдоми таҷовузкоронаро таҳаммул накарда ва ба шиддат бо он бархурд хоҳанд кард.

Баҳорванд изҳор дошт, нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ҳаддалимкон хештандорӣ пеша мекунанд то амнияту оромиши минтақаи ҳассоси халиҷи Форс ва дарёи Уммон ҳифз шавад, вале агар тарафи муқобил иқдомоти таҳрикомез ва насанҷида анҷом диҳад, бо посухи мутақобил мувоҷеҳ хоҳад шуд, ки паёмадҳои он қобили пешбинӣ нест.

Маркус Лейтнер, сафири Швейтсария дар Эрон низ дар ин дидор гуфт, маротибро билофосила ба Вашингтон мунтақил хоҳад кард.

 

Барчасп