Июн 21, 2019 19:02 Asia/Dushanbe
  • Эрон аз Амрико ба Созмони Милал шикоят кард

Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Амрико ба далели таҷовузи низомӣ ба ҳарими ҳавоии Эрон ба Созмони Милали Муттаҳид шикоят кард.

Маҷиди Тахтравончӣ, намояндаи доими Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид панҷшанбешаб дар номае ба Антонио Гутерреш, дабири кулли ин созмон, эътирози Теҳронро нисбат ба таҷовузи ПАҲПОД-и ҷосусии Амрико ба ҳарими сарзаминии Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом кард.

Тахтравончӣ дар ин нома ин иқдоми таҳрикомези Амрикоро нақзи фоҳиши қавонини байналмилал ва маншури Милали Муттаҳид баршумурд ва онро маҳкум кард.

Намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба дунболи ҷанг нест, аммо ҳаққи мусаллами худро барои иттихози ҳар гуна иқдоми лозим дар муқобили нақзи ҳарими сарзамини худ маҳфуз медорад ва мусаммам аст, қотеона аз марзҳои ҳавоӣ, обӣ ва хокии хеш дифоъ кунад.

Дар нахустин соатҳои бомдоди рӯзи панҷшанбе як фарванд ПАҲПОД-и ҷосусии “Global Hawk” -и Амрико пас аз таҷовуз ба ҳарими сарзаминии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақаи рӯбарӯи кӯҳи Мубораки устони Ҳурмузгон (ҷануби Эрон), ҳадафи оташи падофанди нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ қарор гирифт ва сарнагун шуд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон панҷшанбешаб аз берун овардани бахшҳое аз ПАҲПОД-и мутаҷовиз ва сарнагуншудаи амрикоӣ аз обҳои сарзаминии Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар дод.