Июн 21, 2019 20:16 Asia/Dushanbe
  • Сардор Ҳоҷизода: Эрон як ҳавопаймои амрикоии дигарро ҳам метавонист сарнагун кунад

Фармондеҳи нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, Эрон аз сарнагун кардани як ҳавопаймои амрикоӣ бо 35 сарнишин, ки ПАҲПОД-и ҷосусии ин кишварро ҳамроҳӣ мекард, худдорӣ кард.

Сардори сартип Амиралӣ Ҳоҷизода рӯзи ҷумъа, пас аз рӯнамоӣ аз лошаи ПАҲПОД-и ҷосусии Амрико, ки дар маҳдудаи обҳои сарзаминии Эрон сарнагун шуд, дар ҷамъи хабарнигорон бо баёни ин ки ҳамон лаҳзае, ки ПАҲПОД-и ҷосусии Амрико раҳгирӣ шуд, ҳавопаймои ҷосусии дигаре бо номи “Пи -8” низ дар наздики он дар ҳоли парвоз буд, ки ҳудуди 35 сарнишин дошт, гуфт, Эрон метавонист онро низ сарнагун кунад, аммо ин корро накард.

Сардор Ҳоҷизода изҳор дошт, ҳадафи Эрон аз сарнагунии ПАҲПОД-и ҷосусии Амрико, ихтор ба нерӯҳои террористи ин кишвар буд.

Фармондеҳи нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо баёни ин ки дар ҳафтаи қабл ҳам худи амрикоиҳо эълом карданд, ки “Эрон ба самти мо шиллик кардааст ва мехост моро сарнагун кунад”, изҳор дошт, агар Эрон мехост, метавонист ҳавопаймои "MQ  – 9" –и Амрикоро ҳафтаи қабл сарнагун кунад, аммо ин корро накард ва фақат ба амрикоиҳо ҳушдор дод.

Сардор Ҳоҷизода амнияти миллӣ ва дифоъ аз тамомияти арзиро хати қирмизи Ҷумҳурии Исломии Эрон хонд ва гуфт, бояд пурсид, ки агар ҳавопаймои Эрон наздики марзҳои савоҳили Вашингтон парвоз мекард, амрикоиҳо чӣ аксуламале нишон медоданд?