Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон: Конфронси “муомилаи қарн” шармовар аст
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон баргузории конфронси иқтисодии “муомилаи қарн” дар Манома - пойтахти Баҳрайнро шармовар донист.
Сайид Аббоси Мусавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар нишасти ҳафтагӣ бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ, бо ишора ба баргузории конфронси иқтисодии Манома дар бораи тарҳи амрикоӣ-саҳюнистии “Муомилаи қарн” афзуд, баргузории конфронсе, ки боиси тафриқа дар ҷаҳони Ислом ва фаромӯшии ормони Фаластин шавад ва ҳуқуқи мардуми Фаластин ва Қудсро бифурӯшад, шармовар аст.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард, конфронсе, ки сулҳ дар муқобили пулро матраҳ мекунад, ба ҷое намерасад ва маҳкум ба шикаст аст.
Манома -пойтахти Баҳрайн 25 ва 26 –уми июн мизбони нишасти иқтисодӣ бо ҳадафи амалӣ кардани тарҳи амрикоӣ - саҳюнистии “муомилаи қарн” аст.
Сухангӯи дастгоҳи дипломатии Эрон дар бораи пайгириҳои Вазорати умури хориҷа пас аз таҷовузи ПАҲПОД-и амрикоӣ ба ҳарими сарзаминии Эрон гуфт, илова бар иқдомоти сиёсӣ, иқдомоти ҳуқуқӣ, аз ҷумла шикоят ба Созмони Милал ва ирсоли номаи эътирозии Эрон ба Шӯрои Амният сурат гирифт.
Мусавӣ дар бораи фурсати 60 рӯзаи Эрон ба тарафҳои аврупоӣ дар бораи БарҶом низ гуфт, Эрон мунтазири Аврупо набуда ва нахоҳад буд ва бо кишварҳои дӯст ба сурати дуҷониба дар ҳоли ройзанӣ аст ва бархе роҳкорҳои тиҷорӣ, молӣ ва бонкӣ дар ин замина танзим шудааст.
Мусавӣ дар бораи сафари муовини вазири умури хориҷаи Англия ба Теҳрон ва иддаои вай дар бораи нақши Эрон дар ҳамалот ба нафткшҳо ҳам гуфт, ин шеваи англисҳо ғайрисозанда аст.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи иддаои ахири Амрико барои эъмоли таҳримҳои ҷадид зидди Эрон афзуд, таҳримҳо ҳеҷ дастовардҳое надошта ва иддаои Амрико барои таҳримҳои бештар бо ҳадафи асаргузорӣ бар афкори умумии дохилӣ ва хориҷӣ аст.