Июн 27, 2019 16:02 Asia/Dushanbe
  • Зариф: таҳрими Дафтари раҳбари муъаззами инқилоб иҳонат ба кулли Эрон аст

Вазири умури хориҷаи Эрон дар мусоҳибае бо хабарнигори шабакаи СНН дар Теҳрон таъкид кард, иқдомоти Амрико таи ҳафтаҳои гузашта муқобилаҷӯёна ва таҳрикомез будааст, ба вижа таҳримҳо алайҳи Дафтари раҳбари муъаззами инқилоб, ки иҳонат ба кулли Эрон аст .

Ба гузориши ИРНО, Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон дар ин мусоҳиба бо таъкид ба инки Эрон ба дунболи тақобул ва ҷанг нест афзуд, Амрико дар мавзеъе нест, ки Эронро нобуд кунад ва мардуми Эрон омодаи муқовимат дар муқобили ҳар таҷовузе ҳастанд.

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико бояд ба хотир биёварад, ки дар қарни ҳаҷдаҳум зиндагӣ намекунем. Як маншури Созмони Миллали Муттаҳид вуҷуд дорад ва таҳдид ба ҷанги ғайриқонунӣ аст.

Вай гуфт, давлати Амрико талош мекунад давлати Эронро тазъиф кунад. Амрико бар асоси таҳлиле иштибоҳ ба ин бовар расидааст.

Зариф афзуд, раиси ҷумҳури  Амрико иттилоот ва таҳлили иштибоҳ дарёфт кардааст.

Амрико рӯзи душанбе дар идомаи иқдомоти зиддиэронии худ барои роҳандозии ҷанги равонӣ алайҳи Дафтари раҳбари муъаззами инқилоб ва теъдоде аз фармондеҳони Сипоҳи посдорон иҷроӣ кард. Давлати Амрико ҳамчунин эълом кардааст, вазири умури хориҷаи Эронро низ таҳрим мекунад.

 

Барчасп