Июн 27, 2019 16:46 Asia/Dushanbe
  • Ироқчӣ: Амрико вориди ҷанги иқтисодӣ бо Эрон шудааст

Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон дар Семинари байналмилалии «таҳримҳои якҷониба ва осори онҳо», ки дар Вена баргузор шудааст, таъкид кард, Амрико вориди ҷанги иқтисодӣ бо Эрон шудааст.

Саидаббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, давлати Амрико аз доллар ба унвони як силоҳи ҷангӣ алайҳи соири кишварҳо истифода мекунад.

Ироқчӣ бо ишора ба таҳримҳои золимона ва ғайриқонунии Амрико, бар зарурати муқобилаи ҷомеаи байналмиллалӣ бо якҷонибагароии Вашингтон таъкид кард.

Семинари байналмилалии “таҳримҳои якҷониба ва осори онҳо” ба ибтикори намояндагиҳои сиёсии Эрон, Куба ва Венесуэла дар Вена ва бо ҳузури вазири умури хориҷаи Венесуэла, муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон ва Гузоришгари вижаи иқдомоти якҷонибаи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ва бархе аз шахсиятҳои байналмилалӣ дар Вена баргузор шуд.

 

Барчасп