Июн 27, 2019 21:23 Asia/Dushanbe
  • 32 донишгоҳи эронӣ дар феҳрасти беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳон

Сарпарасти Пойгоҳи истиноди ҷаҳони Ислом гуфт, бар асоси охирин омори рутбабандии Шанхай 32 донишгоҳи эронӣ дар ҷамъи беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳон қарор гирифтанд.

Муҳаммадҷаводи Деҳқонӣ, сарпарасти Пойгоҳи истиноди улуми ҷаҳони Ислом (ISC) гуфт, дар рутбабандии соли 2019 мавзӯи Шанхай, шоҳиди ҳузури донишгоҳҳои бартари Эрон дар 54 ришта дар қолаби 5 ҳавзаи куллӣ, шомили ҳавзаи муҳандисӣ (22 ришта), ҳавзаи улуми поя (8 ришта), ҳавзаи улуми зистӣ (4 ришта), ҳавзаи улуми пизишкӣ(6 ришта) ва ҳавзаи улуми иҷтимоӣ (14 ришта) ҳастем.

Дар ин рутбабандӣ донишгоҳҳое аз ҷумла Озоди Исломӣ, Хоҷа Насири Тусӣ, Санъати Шариф, Теҳрон ва Табриз, Донишгоҳи Шероз, Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад, Донишгоҳи тарбият мударрис ва Донишгоҳи Исфаҳон дар риштаҳои мухталиф бачашм мехӯрад.

Низоми рутбабандии Шанхай, яке аз мӯътабартарин рутбабандиҳои ҷаҳонӣ аст, ки натоиҷи он тавассути Донишгоҳи Шанхайи Чин мунташир мешавад. Ин рутбабандӣ дар қолаби як проекти бузург дар Чин аввалин бор дар июни 2003 милодӣ тавассути Донишгоҳи Шанхай мунташир шуд ва ба сурати солона рӯзомад мешавад.