Июн 29, 2019 20:12 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Эрон ҳаргиз ҳимояти Ғарб аз Саддомро фаромӯш намекунад

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳаргиз ҳимояти кишварҳои ғарбӣ ва кумакҳои таслиҳотии онҳо, азҷумла таслиҳоти кимиёӣ ба Саддом, диктатори маъдуми режими баъси Ироқро фаромӯш нахоҳад кард.

Ба гузориши Идораи кулли дипломатияи расонаӣ ва иттилоърасонии Вазорати умури хориҷаи Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе дар сафҳаи шахсии худ дар Твиттер бо интишори тасовире аз қурбониёни ҳамлаи шимиёӣ ё кимиёии Саддом ба шаҳри Сардашт (шимоли ғарби Эрон) дар 28 –уми июни соли 1987 навишт: “Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳаргиз ин ҳамла зидди мардуми Эронро маҳкум накард”.

Зариф афзуд, мардуми Эрон он замон ҳам дар баробари душманон истиқомат карданд ва акнун ҳам истодагӣ хоҳанд кард.

Дар ҳамлаи кимиёии режими баъси Ироқ ба шаҳри Сардашти устони Озарбойҷони ғарбии Эрон, дар 28 –уми июни соли 1987, 119 тан шаҳид ва беш аз ҳашт ҳазор нафари дигар масдуми кимиёӣ шуданд.

Режими ҷинояткори Саддом дар солҳои ҷанги таҳмилӣ зидди Эрон борҳо аз силоҳҳои кимиёӣ истифода кард.

Асноде, ки дар солҳои поёни ҷанги таҳмилии Ироқ зидди Эрон ва пас аз он мунташир шуд, нишон дод дар маҷмуъ 207 ширкат аз кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Амрико, Нидерланд, Олмон ва Фаронса дар таҷҳизи режими баъси Ироқ ба силоҳи кимиёӣ нақш доштанд.