Омодагии Эрон ва Тоҷикистон барои тавсеаи ҳамкориҳои гардишгарӣ
(last modified Sun, 30 Jun 2019 15:15:03 GMT )
Июн 30, 2019 20:15 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Эрон ва Тоҷикистон барои тавсеаи ҳамкориҳои гардишгарӣ

Тоҷикистон ва Эрон барои афзоиши рафтуомад ва тавсеаи ҳамкориҳои гардишгарӣ музокира ва эъломи омодагӣ карданд.

Тибқи эъломи муовини гардишгарии Созмони мероси фарҳангӣ ва гардишгарии Эрон ба хабаргузории ИСНА, дар соли 1396-и ҳиҷрии шамсӣ (2017) ҷамъияти беш аз 4993 нафар аз Тоҷикистон ба Эрон сафар карданд, ки дар соли 1397 (2018) ин теъдод 9 дарсад коҳиш ёфт ва ба адади 4085 нафар расид.

Ҳамчунин дар соли 1396 аз Эрон 6261 нафар ба Тоҷикистон сафар карда буданд, ки дар соли 1397 сафари эрониҳо ба ин кишвар 14 дарсад уфт кард ва омори мусофирони эронӣ дар Тоҷикистон ба 4853 нафар расид.

Валии Темурӣ, муовини Созмони мероси фарҳангӣ ва гардишгарии Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории ИСНО аз алоқамандии тоҷикҳо барои афзоиши рафтуомадҳои гардишгарӣ сухан гуфт ва афзуд, музокироте бо муовини гардишгарии Тоҷикистон барои тавсеаи ҳамкориҳо, бо таваҷҷуҳ ба иштирокоти фарҳангии ду кишвар сурат гирифтааст. Тоҷикистон бисёр алоқаманд аст рафтуомади гардишгарони ду кишвар бештар шавад.

Муовини гардишгарии Созмони мероси фарҳангӣ ва гардишгарии Эрон бо вуҷуди он ки муътақид аст дар оянда табодулоти гардишгарии ду кишвар афзоиш хоҳад ёфт, ноҳамхонии хатти навиштории Эрон ва Тоҷикистонро мушкили умдае дар суръати ба натиҷа расидани таомулот донист ва афзуд: “Дуруст аст, ки забони ду кишвар форсӣ аст, аммо хатти навиштории онҳо бо форсии мо фарқ дорад, барои ҳамин ақломи таблиғотии мавҷуд дар Тоҷикистон қобили истифода нест ва лозим аст маҳсулоти таблиғотии тозае бо хатти навиштории тоҷикҳо дошта бошем”.

Вай афзуд: “Тоҷикистон ҷузви бозорҳои дар авлавияти нахусти гардишгарӣ набуда ва ҳадафи аслии Эрон барои ҷазби гардишгар нест, барои ҳамин ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки бо эҷоди тасҳилот ва сабукӣ додан дар судури виза, мисли лағв ва ё ҳатто коҳиши ҳазинаи он, хуруҷ аз Эрон ба самти кишвари муқобил бештар шавад. Бинобарин дар музокира бо мақоми гардишгарии Тоҷикистон таъкид шуд, ки дар гоми нахуст ба муаррифии Эрон ва баргузории турҳои ошносозӣ барои расонаҳо ва фаъолони гардишгарии ин кишвар бипардозем. Аз ҳайати гардишгарии ин кишвар, ки алоқаманд ба тавсеаи равобити гардишгарӣ буд, низ даъват шуд ба Эрон сафаре дошта бошанд, ки аз он истиқбол шуд”.

Темурӣ гуфт, тарафи тоҷик алоқаманд буд аз таҷрибаи Эрон дар гардишгарӣ ва ба вижа омӯзиш баҳра бибарад, ки барои ҳамкорӣ дар ин бахш музокироте сурат гирифт.