Июл 01, 2019 18:40 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии мақоми Созмони Милал аз хадамоти Эрон ба паноҳандагон

Намояндаи комиссариёи олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон аз хадамоти Эрон ба паноҳандагон қадрдонӣ кард.

Ба гузориши радиёи Садои Хуросон, Иво Фрейсен, намояндаи комиссариёи олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон рӯзи душанбе дар маросими рӯзи ҷаҳонии Паноҳанда дар Теҳрон, бо ишора ба сиёсатҳои фарогири омӯзишии Эрон дар бораи паноҳандагон гуфт, Эрон ва Покистон дар 40 соли гузашта бештарин мизбониро аз паноҳандагони афғонистонӣ доштаанд.

Фрейсен бо баёни ин ки 70 миллион паноҳанда дар ҷаҳон вуҷуд дорад, афзуд, ин болотарин рақаме аст, ки то кунун дар комиссараёи олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон сабт шудааст.

Намояндаи комиссариёи олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон гуфт, дар ҳар дақиқа 25 нафар дар ҷаҳон овора мешаванд, ки ниме аз онҳо кӯдак ҳастанд.

Бар асоси гузориши июли 2017-и комиссариёи олии паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид, ҳудуди як миллион муҳоҷири номнависшудаи афғон (муҳоҷири қонунӣ) дар Эрон зиндагӣ мекунанд.

Ҳудуди ду миллион овораи афғонистонӣ низ ба сурати ғайриқонунӣ ва бидуни мадорики ҳувиятӣ дар Эрон ба сар мебаранд.

Дар чорчӯби таъкидҳои мукаррари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, таҳсили муҳоҷирони афғонистонӣ, чӣ қонунӣ ва чӣ ғайриқонунӣ дар Эрон ройгон аст ва аз хадамоти дармонӣ ва беҳдоштӣ бидуни табъиз истифода мекунанд.

Мақомоти Созмони Милал ва масъулони афғон борҳо аз Эрон ба иллати мизбонӣ аз муҳоҷирони афғон қадрдонӣ кардаанд.

 

Барчасп