Ҳамлаи мушакии Амрико дар соли 1988 ва шаҳодати 290 эронӣ
Имрӯз дувоздаҳуми тир баробар бо севвуми июли 2019 солрӯзи ҳамлаи мушакии нови амрикоии Винсенс ба ҳавопаймои Винсенс ба ҳавопаймои мусофирбарии Эйрбоси Эрон аст, ки аз Бандараббос (ҷануби Эрон) ба мақсади Дубай дар ҳоли парвоз буд.
Дар севвуми июли 1988 бар асари тирпаронии мушаки нови ҷангии Винсенс ба ҳавопаймои мусофирбарии Эрон ҳамаи 290 мусофири он аз ҷумла 66 кудак ва 53 зан шаҳид шуданд.
Пас аз суқути ин ҳавопаймо, мақомоти амрикоӣ барои тавҷеҳи ин ҷинояти нобахшуданӣ, далелҳои зидду нақизе унвон карданд ва кушиданд ин иқдоми хасмонаро як иштибоҳ вонамуд кунанд, аммо бо таваҷҷуҳ ба муҷаҳҳаз будани киштии ҷангии Винсенс ба пешрафтатарин системҳои радарӣ ва кампютерӣ ва ҳамчунин мушаххас будани навъи ҳавопаймои дар ҳоли парвоз мусаллам шуд, ки эҳтимоли иштибоҳ вуҷуд надошта ва ин иқдом комилан хасмона будааст.
Имрӯз хонаводаҳои қурбониёни ин ҳамла ва масъулон бо гулборони маҳалли шаҳодати 290 шаҳиди ҳавопаймои мусофирбарӣ дар обҳои Халиҷи Форс ёди қурбониёни ин ҷинояти зиддибашариро гиромӣ медоранд.