Намояндаи Русия дар ОБЭА: Эрон маҳдудияте барои тавлиди урани камғанишуда надорад
Михаил Улянов гуфт, ҳеҷ маҳдудияте барои урани камғанишудаи Эрон, ки таҳти назорати байналмилалӣ аст, вуҷуд надорад.
Михаил Улянов, намояндаи доими Русия дар Ожонси Байналмилалии Энерии Атомӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена эълом кард, ҳеҷ маҳдудияте барои урани камғанишудаи Эрон, ки таҳти назорати байналмилалӣ аст, вуҷуд надорад ва Теҳрон довталабона мизони урани камғанишудаи худро ба 300 килограм бар асоси БарҶом маҳдуд кардааст.
Улянов рӯзи панҷшанбе дар паёме дар сафҳаи “Твитер”-и худ навишт: «дипломатҳо ва расонаҳо ҳамчунон ба баҳс дар бораи убури Эрон аз маҳдудияти 300 килограм урани камғанишуда идома медиҳанд. Ба манзури арзёбии ҳадафманд, набояд фаромӯш кард, ки асосан ҳеҷ маҳдудияте барои мизони урани камғанишуда барои аъзои NPT вуҷуд надорад, машрут ба ин ки тавлиди урани камғанишуда таҳти контроли байналмилалӣ бошад.» Вай афзуд, «Эрон довталабона маҳдудият бар урани камғанишудаи худро ба унвони бахше аз БарҶом пазируфтааст, тавофуқе, ки асосан бавоситаи таҳримҳои Амрико тазъиф шудааст.
Теҳрон дар вокуниш ба таҳримҳои ғайриқонунӣ бар содироти нафт тасмим гирифта аз ин тааҳҳуди довталабонаи худ сарфиназар кунад. Мо алоқае ба чунин чизе надорем, аммо далоили анҷоми он қобил дарк аст».
Эрон дар ҳаштуми моҳи май эълом кард, бо таваҷҷуҳ ба инки кишварҳои аврупоӣ дар амал ба тааҳҳудоташон бар асос БарҶом ва оғози абзори ҳимоят аз табодулоти тиҷорӣ ва корбарии он барои тиҷорат нафт ноком будаанд, ин кишвар содироти мозоди урани камғанишудаи тавлидии худ ва оби сангинашро мутаваққиф мекунад.
Эрон ба Аврупо 60 рӯз мӯҳлат дод ба ваъдаҳояш амал кунад ва таҳдид кард, тавлиди уран бештар аз мизоне, ки ин тавофуқи пешбинӣ кардаастро оғоз мекунад ва реактори оби сангини Арокро низ муҷаддадан фаъол месозад.
Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ рӯзи душанбе таъйид кард, Эрон аз маҳдудияти 300 килограм урани камғанишуда, ки дар БарҶом пешбини шуда буд убур кардааст. Мақомоти Эрон изҳороти ожонсро таъйид карданд.