Июл 05, 2019 21:18 Asia/Dushanbe
  • Нерӯи дарёии Англия нафткаши ҳомили нафти Эронро тавқиф кард

Нерӯи дарёии Англия дар иқдоме хасмона ва хилофи ҳуқуқи байналмилал, як нафткаши ҳомили нафти Эронро дар тангаи Ҷабалутториқ тавқиф кардааст.

Иқдоме, ки ба баҳонаи таҳрими нафтии Сурия тавассути Иттиҳоди Аврупо рух дода, аммо бо таваҷҷуҳ ба савобиқ ва рӯйдодҳои ахир, ба назар мерасад гомҳои Британия дар ростои ҳамроҳӣ бо Амрико барои ҷанги нафтӣ бо Эрон аст.

Нафткаши “Грейс 1” ҳамакнун дар тангаи Ҷабалутториқ мутаваққиф шуда ва Нерӯи дарёии Англия иҷозаи ҳаракати киштиро пас аз паймудани масири мушаххасшуда рӯйи нақша надодааст.

“Рейтерз” низ хабар дода, ки абарнафткаши Эрон “ба дархости Иёлоти Муттаҳида аз Британия” тавқиф шудааст.

Сайид Аббоси Мусавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон хабар дод, дар пайи тавқифи ғайриқонунии ин нафткаши эронӣ, сафири ин кишвар дар Теҳрон ба Вазорати умури хориҷа эҳзор шуд то дар ин замина тавзеҳ диҳад.

Дар ҳамин ҳол Вазорати хориҷаи Испания эълом кард, ки дар пайи шикояти расмӣ аз Англия барои ин тавқиф аст.  

 

Барчасп