Июл 09, 2019 12:00 Asia/Dushanbe
  • Баррасии хадамоти Эрон ба муҳоҷирон дар сафари ҳайати сафирон ва депломатҳои хориҷӣ

Ҳайати депломатики муташаккил аз 28 нафар аз сафирон ва депломатҳои хориҷии муқими Теҳрон ва масъулони созмонҳои байналмиллалии муртабит бо умури паноҳандагон дар Эрон, ки асри душанбе вориди Машҳад шуданд имрӯз дар барномаи кории худ ба Тойбод сафар мекунанд.

Ба гузориши ИРНО, аъзои ин ҳайати депломатик, ки сафирони кишварҳои Швейтсария ва Белгия  низ дар байни онҳо ҳузур доранд ба сарпарастии Ив Фризон  раиси намояндагии камиссориёи олии Созмони Миллал дар умури паноҳандагон то 10 июл дар вилояти Хуросони разавӣ иқомат доранд.

Раиси намояндагии Вазорати умури хориҷа дар шимол ва шарқи кишвар ба хабарнигори ИРНО гуфт, аъзои ин ҳайати депломатик, ки шомили ҷамъе аз сафирон, муовинони сафирон ва аъзои кодри депломатики сафоратхонаҳои кишварҳои мухталиф ва масъулони созмонҳои байналмиллалии муртабит бо умури паноҳандагон мебошанд ба муддати се рӯз дар Машҳад ва шаҳристонҳои Тойбод ва Турбатиҷом ҳузур хоҳанд дошт.

Ғуломаббос Арбобхолис, ошноӣ бо раванди иҷрои прожаҳои муштараки камиссориёи олии Созмони Миллали Муттаҳид дар умури паноҳандагон ва раванди бозгашти муҳоҷиронро аз аҳдофи сафари ин ҳайати депломатик ба Хуросони разавӣ, ки ҳар сол ё дусол якбор анҷом мешавад, унвон кард.

Вай афзуд, аъзои кодри депломатики сафоратхонаҳои кишварҳои Белгия, Австрия, Швейтсария, Шветсия, Чехия, Кореяи Шимолӣ, Полша, Туркия, Британияи Кабир ва Австралия мебошанд дар ин сафар ҳузур доранд.

Саид Алии Қосимӣ мудири куллии умури шаҳрвандон ва муҳоҷирони хориҷии устондории Хуросони разавӣ изҳор кард, ташарруф ба ҳарами мутаҳҳари разавӣ, дидор бо масъулони баландпояи вилояти Хуросони разавӣ, боздид аз Кумитаи ҳалли ихтилоф ва гуфтугӯ бо ҷамъе аз намояндагони муассисоти хориҷӣ ва паноҳандагон боздид аз бемористони 22 баҳман ва маркази омӯзиши фаннӣ ва ҳирфаӣ ва боздид аз мактаби муртабит бо паноҳандагон аз ҷумла барномаҳои ин ҳайат дар рӯзи чаҳоршанбе хоҳад буд.

Ҳамакнун 320 ҳазор шаҳрванди кишвари Афғонистон ба сурати қонунӣ дар Хуросони разавӣ сукунат доранд, ки 60 ҳазор нафар аз ин ҷамъият ба унвони донишомӯз дар мактабҳои ин вилоят дар ҳоли таҳсил ҳастанд.

Барчасп