Июл 10, 2019 10:35 Asia/Dushanbe
  • Узрхоҳии раиси Федератсияи байналмиллалии волейбол аз Эрон

Раиси Федератсияи байналмиллалии волейбол (FIVB) дар номае ба Федератсияи волейболи Эрон ба далели интизор гузоштани аъзои тими волейболи Эрон дар фурудгоҳи Шикаго узрхоҳӣ кард.

Аъзои тими миллии волейболи Эрон, ки барои ширкат дар марҳилаи ниҳоии лиги миллатҳои волейбол ба Шикаго сафар карда буд ҳудуди чаҳор соат дар фурудгоҳи ин шаҳр интизор кашид ва мавриди бозҷӯии неруҳои амниятии амрикоӣ қарор гирифтанд.

Дар ҳамин ҳол Федератсияи  волейболи Эрон бо ирсоли номае ба Федератсияи байналмиллалии волейбол эътирози расмии худро дар бораи наҳваи бархурди мақомоти амрикоӣ бо миллипушони волейболи Эрон эълом кард.

Ба гузориши рӯзи сашанбеи ИРНО, Эрӣ Граса раиси Федератсияи байналмиллалии волейбол дар посух ба ин нома аз иттифоқоти рухдода узрхоҳӣ ва тасреҳ кард, Федератсияи байналмиллалии волейбол бо масъулони марбута дар Амрико баҳсу гуфтугӯ карда ва ба дунболи роҳкоре барои пешгирӣ аз такрори ин иттифоқот аст.

Даври ниҳоии рақобатҳои лиги миллатҳои волейбол аз даҳуми июл дар Амрико оғоз мешавад ва тими миллии Эрон дар ду бозии нахусти худ ба масофи тимҳои Полша ва Бразилия меравад.

Тими миллии волейболи Эрон дар даври муқаддамотӣ бо касби 12 пирӯзӣ ва се шикаст ба унвони тими дуввуми марҳилаи ниҳоии лиги миллатҳои волейбол шуд.

Барчасп