Июл 11, 2019 12:01 Asia/Dushanbe
  • Барҷом ва Шӯрои ҳуком; такопуи Аврупо дар сояи дугонагии Амрико

Ҳамзамон бо гуфтугӯҳои Мушовири дипламатии раиси ҷумҳурии Фаронса дар Теҳрон, нишасти фавқулодаи Шӯрои ҳукоми Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ба дархости Амрико дар Венаи Атриш баргузор шуд.

Сиёсати коҳиши таъаҳудоти Барҷомии Эрон, Аврупоро ба талошҳои нав ва Амрико ро ба дугонагӣ дар баробари Барҷом водор кардааст,ки нишон аз сиёсати санҷида ва манфии Эрон дар баробари ин тавофуқи байналмиллалӣ дорад.

Эмануел  Бун мушовири дипламатии раиси ҷумҳурии Фаронса рӯзи чоршанбе дар Теҳрон бо Алии Шамхонӣ, Дабири шӯрои олии Амнияти миллӣ, Муҳаммад Ҷавод Зариф, Вазири хориҷа ва дар ниҳоят бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дидор ва гуфтугӯ кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ин дидор гуфт;ҳадафи аслии Эрон иҷроии таъаҳудҳои қайд шуда дар Барҷом аз сӯи ҳамаи тарафҳост ва чунончӣ тарафайн ба таъаҳудҳои худ амал кунанд, Эрон ҳам гомҳои наве дар такмили таъаҳудҳояш бар хоҳад дошт.

Дар муқобили гуфтугӯҳои мушовири дипламатии раиси Ҷумҳурии Фаронса дар Теҳрон; Вена,пойтахти Атриш ҳам мизбони нишасти дастурӣ дар бораи Барҷом буд,ки ба дархости Амрико, нақзкунандаи ин тавофуқ баргузор шуд. Намояндаи Амрико дар нишасти Шӯрои ҳукоми ожонси байналмиллалии энержии атомӣ бо такрори иддаъоҳои пешини ин кишвар зидди Эрон,Теҳрон ро ба гумони худ ба нақзи Барҷом мутаҳам кард.

Се кишвари Аврупоии тарафи Барҷом ҳам дар нишасти Вена зимни эъломи ниигаронӣ аз иқдомҳои нави Барҷомии Эрон, Нишасти камисиюни муштараки Барҷом ро маҳаллӣ аслӣ барои ҳали масоили нави Барҷомӣ эълом карданд.

Баргузории нишасти Шӯрои ҳуком дар Вена нишон дод, Амрико ҳамчунон ба таври якҷониба талош дорад сиёсат ва манофеъи худро ба ҳар шакле пеш бубурад. Нишасти Вена дар ҳоле баргузор шуд,ки Амрико дар Барҷом ҳузур надорад, аммо хоҳони иҷроии комили таъаҳудҳои Барҷомии Эрон аст,ки ин масала нишон аз дугонагии Амрико дорад.

Дар ҳамин замина; Козим Ғарибободӣ , Намояндаи Эрон назди Созмонҳои байналмиллалии мустақар дар Вена рӯзи чоршанбе дар нишасти фавқулодаи Шӯрои ҳукоми ожонси байналмиллалии энержӣ гуфт; сиёсати хориҷӣ ва рафтори Амрико дугона аст ва баргузории нишасти Шӯрои ҳукоми Ожонс ба дархости кишвари нақз кунандаи Барҷом, танзи талх аст.

Иқдомҳои санҷида ва мантиқии Эрон дар коҳиши таъаҳудҳои барҷомиаш, талоши аврупоиҳо ро дар арсаи сиёсӣ дучандон кардааст то зимни тавақуфи сиёсати нави Эрон, роҳи ҳале барои берун рафтан аз бунбасти Барҷомӣ биёбанд.

Эрон дар масири коҳиши таъаҳудҳи Барҷомии худ,ду гоми муҳимро бардоштааст  ва бо убур аз фурсати 60 рӯзаи нахуст, ду моҳи дигар ба  аврупоиҳо фурсати дипламатӣ додааст то барои бақои Барҷом ва таъмин ва тазмини манофеъи иқтисодии Эрон роҳи ҳалли мантиқӣ ва пойдор ҷустуҷӯ кунанд.

Ироаи ҳаргуна роҳи ҳалле барои масоили пешомада дар заминаи Барҷом,бояд таъмин кунандаи ҳуқуқ ва манофеъи Эрон дар сояи ҷанги иқтисодии Амрико бо миллати Эрон бошад дар ғайри ин сурат; тарҳҳои авомфиребонае монанди ончӣ дар расонаҳо иддаъо шудааст ( Тавақуф дар баробари тавақуф ) Эрон ро аз масири дурусти кунунӣ бознахоҳад дошт.

Гомҳои Эрон дар коҳиши таъаҳудҳои Барҷомӣ ҳангоме мутавақиф ва баргаштпазир мешавад,ки аврупоиҳо ҳамаи ҳазинаҳои хуруҷи Амрико аз Барҷом ро тазмин кунанд.

Ҳифзи Барҷом дар гарави гомҳои амалӣ ва устувор дигар аъзои Барҷом ба вижа аврупоиҳост,ки бо фурсате,ки Эрон ба дипламатӣ додааст, метавонад вазъияти мавҷудро сару сомон диҳад ва Барҷом,ҳосили дипламатии ҷаҳонӣро дар масире қарор диҳад,ки ҳамаи аъзо ба таври комил ба таъаҳудҳои Барҷомии худ амал кунанд.

Барчасп