Июл 13, 2019 20:35 Asia/Dushanbe
  • Вуруди ҳудуди 10 ҳазор  зоири ҳарами Разавӣ бо пойи пиёда ба Машҳад

Дар остонаи солрӯзи мелоди хуҷастаи ҳазрати имом Ризо (а) 9 ҳазору 920 нафар дар қолаби 80 корвон аз зоирони ҳарами нуронии он ҳазрат, пиёда вориди Машҳад шуданд.

Ба гузориши ИРНА, тибқи ойни дерина, ҳар сол дар остонаи айёми валодати ҳазрати имом Ризо (а) ҷамъи зиёде аз муштоқони зиёрати он ҳазрат бо вуҷуди фароҳам будани имконоти мухталифи ҳамлунақл ва барои нишон додани умқи ишқу дилбастагии худ ба аҳли байти гиромии расули Худо (с), аз манотиқи мухталифи Эрон ва хориҷ аз Эрон пиёда роҳии шаҳри Машҳад мешаванд.

Имсол низ корвонҳое аз шаҳрҳои мухталифи Эрон ва ду корвон ҳам аз кишвари Ироқ бо пойи пиёда ба зиёрати боргоҳи нуронии Разавӣ мушарраф шудаанд.

Ҳазору 500 нафари дигар аз зоирони пиёдаи имом Ризо (а) низ дар ҷодаҳои мунтаҳӣ ба Машҳад дар ҳоли расидан ба ин шаҳр ҳастанд.

Фардо низ, ҳамзамон бо солрӯзи валодати он пешвои бузург, корвонҳои дигаре аз шаҳрҳо ва рустоҳои атрофи Машҳад барои зиёрат боргоҳи фариштанишини ҳазрати Ризо (а) ба сурати пиёда озими Машҳад мешаванд.

 

Барчасп