Июл 15, 2019 14:20 Asia/Dushanbe
  • Посухи ҷавонони эронӣ ба бадъаҳдиҳои ширкати Пежуи Фаронса

Тавлиди озмоишии худрави Пежу 301 эронӣ дар посух ба бадъаҳдии ширкати Пежуи Фаронса бо ҳузури Surena Сурина муовини илмӣ ва фановарии раиси ҷумҳурии исломии Эрон дар гурӯҳи санъатии Эрон- Худрав дар Теҳрон оғоз шуд.

Ҳошим Яказореъ мудир омили гурӯҳи санъатии Эрон- Худрав рӯзи душанбе дар маросими рӯнамоӣ аз хатти тавлиди озмоишии пежу 301 эронӣ гуфт; дохилисозии анвоъи маҳсулоти Эрон- Худрав бетакя кардан ба Пежуи Фаронса дар дастури кори мутахасисони ҷавони эронӣ қарор дорад,ки нахустин маҳсули ин рӯйракарди, Пежуи 301 эронӣ аст.

Яказореъ афзуд; тавлиди озмоишии Пежу 301 эронӣ ҳамакнун бо 60 дар сад дохилисозӣ,оғоз шуда ва дар шуруъи таҳвил ба муштариёни ин мизони дохилисозӣ ба 80 дар сад хоҳад расид.

Ширкати худравсозии Пежуи Фаронса чанде пеш дар ҳоле Эронро тарк кард,ки барои тавлиди се худрави 2008, 301 ва 208 бо ширкати Эрон- Худрав қарордоди ҳамкорӣ имзо карда буд.

Барчасп