Июл 17, 2019 09:45 Asia/Dushanbe
  • Боздиди донишомӯзони чинӣ аз сафорати Эрон дар Пекин

Теъдоде аз донишомӯзони устонҳои мухталифи Чин рӯзи сешанбе аз сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Пекин боздид карданд.

Ба гузориши ИРНА, дар ин барнома, ки ба ҳиммати Ройзании фарҳанги Ҷумҳурии исломии Эрон дар Чин баргузор шуд, ҳудуди 100 донишомӯзи чинӣ зимни дидор бо Муҳаммади Кишоварззода, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Пекин, дар вижабарномае, ки ба ин манзур баргузор шуда буд, бо фарҳанг, забон, суннат ва масоили муртабит бо Эрон ошно шуданд.

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Чин дар ин дидор бо ибрози хушҳолӣ аз ҳузури донишомӯзони чинӣ дар сафорати Эрон гуфт: Чин ва Эрон аз ҳазорон сол пеш ва аз тариқи Роҳи абрешим бо якдигар иртибот доштаанд.

Муҳаммади Кишоварззода афзуд: Имрӯз низ равобити ду кишвар беш аз гузашта тавсиа ёфтааст ва дар қолаби тарҳи роҳи абрешими навини мавсум ба "Як камарбанд - як роҳ" рӯ ба рушд аст.