Эҳтимоли вуруди Русия ба канали молии муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Эрон
Истифодаи Русия аз созу кори молии вижаи «Инстекс» дар табодулоти тиҷорӣ бо Эрон мӯҳтамал(имконпазир) аст.
Ба гузориши Интерфакс, Дмитрий Песков, сухангӯи раёсатҷумҳурии Русия дар нишасти хабарӣ дар посух ба саволе дар иртибот бо эҳтимоли узвияти Русия дар канали молии муштарак, миёни Аврупо ва Эрон эълом кард, ки мумкин аст, ширкатҳои русӣ низ аз канали табодулоти молии вижаи Аврупо бо Эрон мавсум ба «Инстекс» истифода кунанд.
Песков дар ин иртибот истифодаи Русия аз “Инстекс”-ро рад накард ва вуруди Русия ба ин канали молии муштарак миёни Аврупо ва Эронро мӯҳтамал(имконпазир) унвон кард.
Рӯзи гузашта низ Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар конфронси матбуотии муштараке баъд аз музокира бо вазири хориҷаи кишвари Соҳили Оҷ дар Маскав эълом кард, ки пардохтҳое чандин миллиондолларии анҷом шуда аз тариқи механизми молии Инстекс байни Иттиҳоди Аврупо ва Эрон маблағи қобили таваҷҷуҳе набуда ва ниёзҳои иқтисодии Теҳронро таъмин намекунад. Вай гуфт: «феълан механизми молии Инстекс метавонад, танҳо ирсоли колоҳои инсонӣ, шомили маҳсулоти ғизоӣ ва пизишкӣ, ки аз сӯи Амрико ҳам мамнӯъ нашудаандро пӯшиш бидиҳанд. Мусалламан ин маблағ дар муқоиса бо тааҳҳудоте, ки шарикони эронии мо дар чорчӯби БарҶом бар ӯҳда гирифтаанд ва ҳаҷми мубодилоти молии ношӣ аз фурӯши нафти Эрон ва мавонее, ки бар сари пардохт барои таҳвили он вуҷуд дорад, маблағи қобили таваҷҷуҳе нест.»