Июл 20, 2019 11:22 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон дар Куба: Амрико манофеи худро дар нобудии БАРҶОМ мебинад

Амрико ва бархе аз муттаҳидонаш манофеи худро дар нобудии БАРҶОМ ва эҷоди ҳарҷу марҷ ва бесуботӣ дар минтақа мебинад.

Сафири Эрон дар Куба гуфт, Амрико ва бархе аз муттаҳидонаш  манофеи худро дар нобудии БАРҶОМ ва эҷоди ҳарҷу марҷ ва бесуботӣ дар минтақа мебинад.

Ба нақл аз ИРНО, Рашид Баётмухторӣ сафири Эрон дар Куба дар гуфтугӯ бо телевизиони миллии ин кишвар афзуд, Эрон кишваре сулҳҷӯ ва аҳли гуфтугӯ аст ва таи ду сол музокираи фишурда бо Иттиҳодияи Аврупо, Амрико, Русия, Фаронса, Олмон, Чин, Англия мавсум ба 5+1 дар бораи барномаи ҳастаии худ бо ёдоварии хуруҷи ғайриқонунии Амрико аз БАРҶОМ гуфт, Эрон бо сабри роҳбурдӣ, эълом кард дар сурате пойбанд ба БАРҶОМ хоҳад буд,ки таҳримҳо зиддиЭрон бардошта ва мардум аз манофеи иқтисодии ҳосил аз БАРҶОМ баҳраманд шаванд.