Июл 21, 2019 08:50 Asia/Dushanbe
  • Нигаҳдории 700 нусхаи хатии форсӣ дар донишгоҳи давлатии Сангт-Петербург-и Русия

Маҷмуае арзишманд аз 700 нусхаи хатии форсӣ аз қабили манобеи таърихӣ ва намунаҳои зебои насхи мазҳаб дар китобхонаи илмии донишгоҳи давлатии Сангт-Петербург-и Русия нигаҳдорӣ мешавад.

Ба гузориши ИРНО, ҳудуди 400  нусхаи хатии форсии мавҷуд дар ин маҷмуа адабӣ ҳастанд.

Таърих ва арзиши бисёре аз ин осор ҳануз ба таври дақиқ мушаххас нашуда ва ба ҳамин далел метавонанд ҷозибае гаронбаҳо барои муҳаққиқон бошанд.