Иқдомоти насанҷидаи Лондон бар зидди Эрон
(last modified Mon, 22 Jul 2019 07:19:34 GMT )
Июл 22, 2019 12:19 Asia/Dushanbe
  • Иқдомоти насанҷидаи Лондон бар зидди Эрон

Дар рӯзҳо ва ҳафтаҳои ахир ва ба мувозоти таҳаррукоти хасмонаи Амрико шоҳиди иқдомот ва тасмимоти насанҷидае аз сӯи Лондон бар зидди ҷумҳурии исломии Эрон будаем.

Неруи дарёии Британия чаҳоруми июл як киштии ҳомили нафти Эронро дар гулӯгоҳи Ҷабалу Ториқ ба баҳонаи риоят накардани таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо зидди Сурия тавқиф ва рӯзи ҷумъа ин тавқифро тамдид кард. Иқдоме, ки Эрон онро дуздии дарёӣ донист.

Возеҳ аст, ки маншаъ ва сарчашмаи ин моҷароҷӯӣ касоне ҳастанд, ки дар Кохи Сафед аз яксӯ дар паи тарғиби Трамп ба ташдиди иқдомоти танишзо дар минтақа ҳастанд ва аз сӯи дигар сиёсати ру дар ру қарор додани кишварҳои аврупоӣ бо Эронро дунбол мекунанд.

Вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар твитте бо ишора ба ин ҷараён навишт, Ҷон Болтон мушовири амнияти миллии Кохи Сафед заҳри худро мутаваҷҷеҳи Англия кардааст ва қасд дорад ин кишварро  ба ботлоқ бикашонад.

Рӯзномаи англисии Гардиян дар гузорише эълом кард,  Ҷон Болтон мушовири амнияти миллии Кохи Сафед  давлати  Англияро ташвиқ кардааст, то нафткаши эрониро дар Ҷабалу Ториқ тавқиф кунад.

Идомаи сериалии ин таҳарукоти машкук аз харобкорӣ ва таркиш дар бархе аз нафткашҳо дар минтақа то тавқифи ғайриқонунии нафткаши Эрон ва дар тозатарин ҳаракати машкук иқдоми нафткаши таҳти парчами Англия дар нақзи омидонаи завобити убур аз гулӯгоҳи Ҳурмуз аз мустанадоте аст, ки нишон медиҳад ҳадафи бегонагон ноамн кардани Халиҷи Форс аст.

Дар идомаи ин сенарияҳои шубҳаангез бархе расонаҳои Ғарб талош карданд бо бузургнамоии идаои Трамп дар бораи сарнагунии як паҳподи эронӣ тавассути нови Боксер ба ин ҷараёнсозӣ абъоди бештаре бидиҳанд. Ин фазосозӣ аммо бо интишори тасовире аз сӯи Эрон, ки нишон медод нови амрикоии Боксер таҳти назорати дақиқи паҳподҳои эронӣ аст ва ҳеҷ як аз паҳподҳои эронӣ сарнагун нашудаанд камранг ва беасар шуд ва натавонист кумаке ба ҷуброни сархурдагии ахири Амрико дар паи сарнагунии паҳподи Глубол Ҳавк бар фарози гулӯгоҳи Ҳурмуз тавассути Эрон кумак кунад дар ҳамин ҳол неруи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҷумъашаб дар иқдоме муқтадирона дар чорчуби иҷроии мкқаррароти дарёӣ нафткаши англисии Стена имперо-ро ба далели ҳодисаофаринӣ, хомуш кардани системи мавқеъиятёб ва дафъи пасмонди нафтӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз тавқиф кард.

Сардор Рамазон Шариф сухангӯ ва масъули равобити умумии кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар ин замина гуфт, нафткаши англисии таҳти скорти новчаи ҷангии британияӣ, ки бо бетаваҷҷуҳӣ ба қавонин ва муқаррароти дарёӣ ва дар масири маъкус дар ҳоли вуруд ба гулӯгоҳи Ҳурмуз ва бархурди эҳтимолӣ бо киштиҳои дигар қарор дошт, бо дархости Созмони бандарҳо ва дарёнавардии вилояти Ҳурмузгон тавассути неруи шиноварии минтақаи якуми неруи дарёии сипоҳ тавқиф шуд.

Ҳамонгуна, ки Зариф вазири умури хориҷаи Эрон дар паёме твиттерӣ навишт, бархилофи дуздии дарёӣ дар гулӯгоҳи Ҷабалу Ториқ иқдоми Эрон дар Халиҷи Форс иҷрои қавонини байналмиллалии киштиронии дарёӣ аст.

Зариф хотирнишон кард, ҳамонтавр, ки дар Нию-Йорк гуфтам ин Эрон аст, ки амнияти гулӯгоҳи Ҳурмуз ва Халиҷи Форсро таъмин мекунад. Англия бояд шарики ҷурмбудан дар терроризми иқтисодии амрикоро мутаваққиф кунад.

Британия дар воқеъ сиёсати як бом ва дуҳаво-ро дар пеш гирифтааст, ки қатъан аз ин сиёсат зиён хоҳад кард. Изҳороти рӯзи якшанбеи сафири Эрон дар Лондон лояҳои тозае аз ин моҷароҷӯиро ошкор кард.

Ҳамиди Баъидинажод дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер иқдомоти неруҳои сиёсии дохилии Англия дар ин шароити ҳассос минтақаро комилан хатарнок ва ғайриоқилона донист ва таъкид кард, давлати Англия бояд неруҳои сиёсии дохилии ин кишварро, ки мехоҳанд таниши мавҷуд байни Теҳрон ва Лондонро фаротар аз масъалаи киштиҳо афзоиш диҳанд маҳор кунад.