Рижаи бузурги нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар савоҳили халиҷи Форс
(last modified Wed, 21 Sep 2016 10:05:42 GMT )
Сентябр 21, 2016 15:05 Asia/Dushanbe
  • Рижаи бузурги нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар савоҳили халиҷи Форс

Рижаи бузурги нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар халиҷи Форс бо мушорикати беш аз 400 фарванд анвои шиновари размӣ, иттилоотӣ ва пуштибон дар Бандараббос дар ҷануби Эрон баргузор шуд .

Дар ин размоиши бузурги низомӣ, ки дар се бахши заминӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ баргузор шуд, 170 фарванд шиновари мушакандозҳои бурди баланд, мутавассит, ракетаандоз ва шиноварҳои пуштибони нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, 42 фарванд шиноварҳои сангини размӣ ва пуштибонии нерӯи дарёии артиши ҷумҳурии исломии Эрон ва 25 фарванд шиновари дарёбонӣ ва нерӯи интизомӣ иқтидори худро ба намоиш гузоштанд .

Ҳамчунин 42 фарванд болгард ва ҷангандаҳои нерӯи ҳавоии артиши ҷумҳурии исломии Эрон, ҳаво-фазо ва ҳаво-дарёи нерӯи дарёии Сипоҳи посдорон ва артиши ҷумҳурии исломии Эрон дар ин рижаи бузург дар Бандараббос ширкат карданд .

Дар ин рижаи бошукӯҳ, нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аз як шиновари ҷадид рунамоӣ кард .

Бо пайвастани ин шиновари чандманзура, нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон аз нерӯе бо бурд ва мондагории кам дар дарё ба нерӯе дурбурд ва мондагор дар амалиёти дарёӣ дар обҳои дур табдил шуд .