Июл 24, 2019 12:37 Asia/Dushanbe
  • Шикояти гурӯҳе аз эрониёни муқими Амрико аз сиёсати муҳоҷиратии Трамп

Гурӯҳе аз шаҳравандони Амрико, ки ба далели дастури манъи мусофиратии раисҷумҳури Амрико қодир нестанд хешовандони эронии худро ба Амрико бибаранд, аз Трамп шикоят карданд.

Ба нақл аз Ассошиэйтед Пресс, ин шаҳрвандон дар эътироз ба дастури манъи мусофиратии Доналд Трамп шикоятеро алайҳи давлати Амрико ба додгоҳи федералӣ дар шаҳри Сантана дар иёлати Калифорния ироа карданд.

Онҳо гуфтаанд, барои дидор бо хонаводаҳояшон дар Амрико моҳҳо мунтазири судури маофиятҳои қонунӣ будаанд, аммо чунин маофиятҳое то кунун содир нашудааст ва онҳо метарсанд барои муддати номаълум маҷбур бошанд аз якдигар ҷудо бимонанд.

Давлати Трамп гуфта маофиятҳо ба сурати мавридӣ ва барои ҳар фард ба сурати ҷудогона баррасӣ хоҳад шуд, аммо Ассошиэейтед Пресс гузориш дода, маофиятҳое, ки то кунун содир шуда ангуштшумор будааст.

 

Барчасп