Имзои ёддошти тафоҳуми ҳамкории Эрон ва Русия дар заминаи таъминоти ҳукуматӣ
Раиси Созмони таъминоти ҳукумати Эрон ва раиси Хадамоти федеролии Русия дар умури иҷрои аҳкоми додгоҳ, ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар заминаи таъминоти ҳукуматӣ имзо карданд.
Ба гузориши рӯзи ИРНА, ёддошти тафоҳуми ҳамкории Эрон ва Русия дар заминаи таъминоти ҳукуматӣ дар ҳошияи даҳумин конфронси байналмилалии иҷрои иҷбории аҳкоми қазоӣ дар Маскав,ба имзои Ҷамоли Ансорӣ, раиси Созмони таъзироти ҳукуматии Эрон ва Дмитрий Аристов, раиси Хадамоти федероли Русия дар умури иҷрои аҳкоми додгоҳ расид.
Ансорӣ ва Аристов ҳамчунин дар бораи баргузории давраҳои омӯзишӣ, семинарҳои муштарак ва табодули ҳайатҳо табодули назар карданд.
Раиси Созмони таъминоти ҳукуматии Эрон барои ширкат дар даҳумин конфронси байналмилалии иҷрои иҷбории аҳкоми қазоӣ, дар садри ҳайате ба Маскав, пойтахти Русия сафар кардааст.