Август 01, 2019 18:56 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Эрон бо намояндаи Русия дар СҲШ

Сафири Эрон дар Маскав ва намояндаи Русия дар Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи дурнамои ҳамкориҳои Эрон бо ин созмон, гуфтугӯ карданд.

Маҳди Саноӣ, сафири Эрон дар Маскав ва Бахтиёр Ҳакимов, намояндаи раисиҷумҳури Русия дар умури СҲШ рӯзи панҷшанбе дар бораи ҳамкории Эрон ба унвони узви нозир ва фаъоли ин созмон бо аъзои СҲШ дар ҳавзаҳои мухталиф аз ҷумла мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, мубориза бо якҷонибагароӣ ва эъмол таҳримҳои ҳамзамони Амрико зидди Эрон, Русия ва Чин, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амнияти иттилоот дар ҳавзаи байналмилалӣ, гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Сафири Эрон дар Маскав ва намояндаи Русия дар СҲШ ҳамчунин  дар бораи узвияти комили Эрон дар ин созмон таъкид карданд.

Созмони Ҳамкории Шанхай(СҲШ), созмони байналмилалии байнидавлатӣ аст, ки июни 2001 дар Шанхайи Чин аз сӯи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон таъсис шуд ва дар июни 2017 Ҳинд ва Покистон низ ба ин созмон пайвастанд.

Эрон, Афғонистон, Муғулистон ва Беларус аъзои нозири Созмони Ҳамкории Шанхай ҳастанд.

 

Барчасп