Август 04, 2019 18:51 Asia/Dushanbe
  • Фаъоли зидди ҷанг: Таҳрими Зариф ёғигарии давлати Трампро нишон дод

Бунёнгари гурӯҳи занон барои сулҳи Кодпинк дар Амрико, Зарифро садои равшангаронаи Эрон донист, ки давлати Трампро дар афкори умумӣ расво кард.

Мидия Бенжамин рӯзи якшанбе дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо ИРНА изҳор кард: Давлати Трамп аз садои расо ва мантиқи вазири умури хориҷаи Эрон барошуфта шудааст ва фикр мекунад бо таҳрими ӯ метавонад ин садоро, ки боиси расвоии давлати Амрико дар сатҳи байналмилалӣ шудааст, хомӯш кунад.

Ин фаъоли зидди ҷанг ва мудофеи сулҳ тасреҳ кард, ин таҳримҳо дурӯягии Трамп ва вазири хориҷаи вайро  ошкор кард, ки мураттаб мегӯянд ба дунболи музокира бо Эрон ҳастанд.

Ин кор албатта пайомадҳои хатарноке низ дорад. Зеро дар ин марҳила бахусус ниёз дорем, ки давлати мо бо вазири хориҷаи Эрон тамос дошта бошад.

Бенжамин, ки чанде пеш ба ҳамроҳи як ҳайъати амрикоӣ аз Эрон дидан карда буд, идома дод: Зариф яке аз ботаҷрибатарин дипломатҳои ҷаҳон аст, ки дар ҷараёни музокироти ҳастаӣ нақши барҷастае дошт. Дар ҳама ҷои ҷаҳон барои ӯ эътибор қоил ҳастанд.

 

Барчасп