Август 05, 2019 16:01 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни Вазорати беҳдошти Эрон ва Лубнон

Тафоҳумномаи ҳамкориҳои муштарак дар заминаи дору ва омӯзишҳои пизишкӣ байни вазирони беҳдошти Эрон ва Лубнон ба имзо расид.

Саиди Намакӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар маросими имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни Вазорати беҳдошти Эрон ва Лубнон гуфт, Эрон имконоти васее барои тавлиди дору дар дохил дорад ва то 3 соли оянда тамоми ниёзи доруии худро дар дохили кишвар тавлид хоҳем кард.

Вай афзуд: “Акнун ниёзе ба эъзоми беморони худ ба хориҷ аз кишвар надорем ва беморони хориҷии зиёде барои ҷарроҳиҳои печида аз кишварҳои мухталиф ба Эрон меоянд”.

Вазири беҳдошти Эрон омодагии ин вазоратхонаро барои ҳамкорӣ дар заминаи дору ва омӯзиши улуми пизишкӣ ба Лубнон эълом кард.

Ҷамил Ҷабақ, вазири беҳдошти Лубнон авохири ҳафтаи гузашта вориди Машҳад, дар устони Хуросони Разавӣ (шимоли шарқи Эрон ) шуд ва пас аз боздид аз марокизи беҳдоштӣ ва дармонии ин шаҳр, бо устондори Хуросони Разавӣ дидор ва тафоҳумнома байни Вазорати беҳдошти Лубнон бо Донишгоҳи улуми пизишкии Машҳадро имзо кард.

Вазири беҳдошти Лубнон ҳамчунин қарор аст аз дигар марокизи беҳдоштиву дармонӣ, таҳқиқотӣ ва тавлиди доруии Эрон боздид кунад.

 

Барчасп