Август 05, 2019 17:48 Asia/Dushanbe
  • Сардор Фадавӣ: Амрикоиҳо дар рӯёрӯӣ бо Сипоҳи посдорон мағлуби маҳз будаанд

Ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таъкид кард, амрикоиҳо дар саҳнаҳои рӯёрӯӣ бо Нерӯи дарёии Сипоҳи посдорон дар халиҷи Форс мағлуби маҳз будаанд.

Ба гузориши “Сипоҳ нюс”, сардори дарёдор Алии Фадавӣ, ҷонишини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи душанбе дар Теҳрон, бо ишора ба дармондагии Амрико дар баробари миллати Эрон гуфт, Эрон аз марҳалаи боздорандагӣ убур карда ва душманро ба талоши ҷиддии барои эҷоди боздорандагӣ дар баробари иқтидори ҷумҳурии исломӣ водоштааст.

Сардор Фадавӣ бо ишора ба ҷанги расонаӣ ва амалиёти равонии душман алайҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ изҳор дошт, ҷанги нарми расонаии душман алайҳи Эрон, мукаммили поззл (муаммои саргиҷкунанда)-и ҷанги иқтисодӣ аст ва бояд бо ҳушёрӣ дар баробари ин тавтеаҳо истодагӣ кард.