Август 06, 2019 09:53 Asia/Dushanbe
  • Таҳрими вазири умури хориҷаи Эрон, нишонаи шикасти қатъии Кохи Сафед аст

Фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, иқдоми Амрико дар таҳрими вазири умури хориҷаи Эронро ҷунуномез ва нишонаи шикасти қатъии Кохи Сафед донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сардор сарлашкар Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо ҳузур дар Вазорати умури хориҷаи Эрон бо Муҳаммадҷаводи Зариф дидор кард, зимни ташаккур аз иқдомоти раиси дастгоҳи депломасии Эрон гуфт, иқдоми Амрико дар таҳрими вазири умури хориҷаи Эрон собит кард, ки вай ба унвони масъули сиёсати хориҷии кишвар, таъсире амиқ бар афкори умумӣ ва ба вижа мардуми Амрико нисбат ба ҷаҳолати раҳбарони ин кишвар дорад.

Сарлашкар Қосими Сулаймонӣ  дифоъ аз манофиъи миллӣ ва садоқат дар баёнро аз хусусиёти вижаи Муҳаммадҷаводи Зариф унвон кард ва афзуд, ба шумо табрик мегуям, ки ба далели интисоб ба раҳбари муъаззам, ҳаким ва фарзонаи олими ислом ва ҷаҳон мавриди ғазаб ва душмании Амрико қарор гирифтаед.

Вазорати хазонадории Амрико дар идомаи эътиёди давлати ин кишвар ба таҳрим бомдоди панҷшанбе (аввали август) номи  вазири умури хориҷаи Эронро дар рӯйхатти ашхоси таҳримшудаи худ қарор дод.