Август 11, 2019 16:21 Asia/Dushanbe
  • Сафари раисҷумҳури Эрон ба Сочии Русия охирҳои ҳафтаи ҷорӣ

Раисҷумҳури Эрон ба даъвати расмии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия охирҳои ҳафтаи ҷорӣ ба ин кишвар сафар мекунад.

Парвизи Исмоилӣ, муовини иртиботот ва иттилоърасонии дафтари раисҷумҳури Эрон имрӯз якшанбе гуфт: Ҳасан Рӯҳонӣ барои ширкат ва суханронӣ дар иҷлоси сеҷонибаи сарони Эрон, Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки рӯзи чоршанбе (14 август) баргузор хоҳад шуд, ба бандари Сочи дар Русия сафар мекунад.

Исмоилӣ афзуд: Дар ин иҷлос илова бар музокироти руасои Ҷумҳурии Эрон, Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон бо ҳадафи идома ва тавсиаи ҳамкориҳои сеҷониба дар ҳафзаҳои мухталифи иқтисодӣ ва ҳамчунин иртибототи минтақавии сарони се кишвар баёнияи муштараке низ мунташир хоҳанд кард.

Муовини иртиботот ва иттилоърасонии дафтари раисҷумҳури Эрон ҳамчунин гуфт: Рӯҳонӣ ҳамчунин дар ҳошияи иҷлоси Сочи дидорҳои ҷудогонае бо раисони Ҷумҳурии Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон хоҳад дошт, ки дар он муҳимтарин масоил ва равобити дуҷониба баҳс ва баррасӣ хоҳад шуд.

 

Барчасп