Август 11, 2019 18:42 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши чорбаробарии ҳаҷми содироти Эрон ба Русия

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Маскав бо ишора ба рушди содироти Эрон ба Русия гуфт: Ҳаҷми содироти Эрон ба Русия, ки дар гузашта камтар аз 10 дарсад буд, имрӯз чор баробар шудааст.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи ИРНА, Маҳдии Саноӣ, сафири Эрон дар Маскав ба имзои санади коридори сабзи гумрукӣ миёни Эрон ва Русия ба манзури тавсиаи равобити тиҷории ду кишвар ишора кард ва афзуд: Писта, кишмиш ва хурмо аз ҷумлаи колоҳои содиротии Эрон ба Русия ҳастанд.

Сафари Эрон дар Русия ҳамчунин бо ишора ба афзоиши 10 баробарии равобити ду кишвар дар ҳавзаи туризм ва гардишгарӣ тасреҳ кард:

Лоиҳаҳои муштараке низ бо Русия аз ҷумлаи сохти чор нерӯгоҳи ҳароратӣ дар устони Ҳурмузгон, Нерӯгоҳи Бушеҳр, барқӣ кардани роҳи оҳани Гармсор-Инчабурун ва қарордоди сохт ва тавлиди муштараки беш аз 6 ҳазор вагони борӣ дар ҳоли иҷрост.

Ба гуфтаи Саноӣ, ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои дифоӣ ва низомӣ ҳам ба хубӣ дар ҷараён аст ва дар солҳои ахир нақши муҳиме дар эҷоди сулҳу субот дар минтақа ийфо кардааст.

 

Барчасп