Август 12, 2019 18:03 Asia/Dushanbe
  • Абутуробифард: Саҳюнистҳо, оли Сауд ва оли халифа маҳкум ба нобудӣ ҳастанд + видео

Хатиби намози иди Қурбон дар Теҳрон бо ишора ба ҷиноёти режимҳои саҳюнистӣ, оли Сауд ва оли Халифа дар минтақа таъкид кард, режими саҳюнистӣ ва оли Сауд маҳкум ба нобудӣ ҳастанд.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайидмуҳаммадҳасани Абутуробифард дар хутбаҳои намози иди Қурбон дар Теҳрон, бо баёни ин ки мубориза бо ширк, куфр ва истикбор аз паёмҳои иди Қурбон аст гуфт, мусалмонони кишварҳои Ироқ, Сурия, Лубнон ва Яман бо дарс гирифтан аз ҳазрати Иброҳим (а), паёмбари бузурги илоҳӣ, дар баробари душманон истодагӣ мекунанд.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Абутуробифард бо баёни ин ки Аврупо таслими низоми султаи Амрико аст, афзуд, миллати Эрон аз ҳазрати Иброҳим (а) дарси муқовимат омӯхта ва убуҳати Амрикоро фурӯ рехтааст.

 

Хатиби намози иди Қурбон дар Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба буҳрони Кашмир, аз давлатмардони Покистон ва Ҳинд хост, бо ақлоният ва дониш роҳро барои ҳаросат аз ҳуқуқи инсонҳо ва мусалмонон, ба вижа дар Кашмир фароҳам кунанд.

 

Имрӯз – душанбе, даҳуми зилҳаҷҷаи 1440 –и ҳиҷрии қамарӣ иди саиди Қурбон - аз идҳои бузурги мусалмонон аст.

Дар иди саиди Қурбон ҳоҷиёне, ки ба зиёрати Хонаи Худо рафтаанд, ба дастури Худованд ва барои ризои ӯ қурбонӣ мекунанд ва хотираи паёмбари бузурги илоҳӣ - ҳазрати Иброҳим (а) -ро зинда ва гиромӣ медоранд.