Август 16, 2019 16:33 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Муқовимати Яман бар мутаҷовизон пирӯз хоҳад шуд

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо тамҷид аз муқовимати мардуми Яман дар баробари эътилофи мутаҷовизони саудӣ таъкид кард, муқовимати Яман бар мутаҷовизон пирӯз хоҳад шуд.

Ҳуҷҷатулислом Козими Сиддиқӣ, хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба таҳаввулоти ҷануби Яман ва даргирии мутаҷовизони саудӣ ва иморотӣ дар ин минтақа гуфт, тавтеаи таҷзияи Яман ба натиҷа нахоҳад расид.

Ҳуҷҷатулислом Сиддиқӣ ҳамчунин бо ибрози нигаронӣ аз таҳаввулоти Кашмир, тарафҳои даргир дар ин минтақаро ба хештандорӣ даъват кард.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон дар бораи вазъияти шайх Иброҳими Закзоки, раҳбари Ҷунбиши исломии Нигерия низ, аз сукути кишварҳои муддаии ҳуқуқи башар дар заминаи раванди дармони шайх Закзоки интиқод кард.

Ҳуҷҷатулислом Сиддиқӣ дар бораи пешрафтҳои дифоии Эрон ҳам гуфт, пешрафтҳои дифоии Эрон аз дастовардҳои инқилоби исломӣ аст ва ҷумҳурии исломӣ ба ин раванд идома хоҳад дод. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон, соқит кардани ҳавопаймои юидуни сарнишини ҷосусии мутаҷовизи амрикоӣ дар фазои сарзаминии Эронро низ нишондиҳандаи қудрати дифоии ҷумҳурии исломӣ унвон кард.

 

Барчасп