Август 17, 2019 20:55 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури дохилии Ироқ вориди Теҳрон шуд

Ёсин Алёсири, вазири умури дохилии Ироқ рӯзи шанбе бо истиқболи Бобаки Динпараст, муовини иқтисодии вазири кишвари Эрон дар фурудгоҳи имом Хумайнӣ (раҳ), вориди Теҳрон шуд.

Ба гузориши ИРНА, муовини иқтисодӣ ва тавсеаи минтақаии Вазорати кишвар(умури дохилӣ) - и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар фурудгоҳи имом Хумайнӣ (раҳ), дар гуфтугӯ бо Ёсин Алёсири, зимни хайрамақдам ва хушомадгӯӣ ба вай, изҳори умедворӣ кард, дидорҳои вазири умури дохилии Ироқ дар Теҳрон, заминаи таҳкими беш аз пеши равобити ду кишвар дар арсаҳои мухталиф, аз ҷумла дар таъмини тамҳидоти ҳузури миллионҳо зоири ду кишвар дар “Арбаини ҳусайнӣ” - ро фароҳам оварад.

 

Барчасп