Оғоз ба кори нусхаҳои нави фаронсавӣ, русӣ ва испании вебсайти Раҳбарӣ
Август 18, 2019 17:01 Asia/Dushanbe
Ҳамзамон бо фаро расидани айёми Иди саиди Ғадир нусхаи нави пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ KHAMENEI.IR ба забонҳои русӣ, фаронсавӣ ва испанӣ фардо (душанбе) оғоз ба кор хоҳад кард.
Ин вебсайтҳо дар барномае бо ҳузури ҷамъе аз фаъолони расона ва сиёсати хориҷӣ ва бо суханронии Сайидкамоли Харрозӣ, раиси Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон расман рӯнамоӣ мешавад.
Ин барнома фардо (душанбе) дар муассисаи фарҳангии пажӯҳишии инқилоби исломӣ баргузор мешавад.
Пойгоҳи иттилоърасонии KHAMENEI.IR аз соли 1382 ҳиҷрии-шамсӣ оғоз ба кор кардааст.