Август 19, 2019 14:22 Asia/Dushanbe
  • Авфи идонаи раҳбари инқилоб барои беш аз ҳазор маҳкум дар Эрон

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо авф ё тахфиф ва табдили муҷозоти ҳазору ҳафтод нафар аз маҳкумони додгоҳҳо ва маҳкумони қазои Эрон мувофиқат кард.

Ба муносибатҳои идҳои сиди Қурбон ва Ғадири Хум, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо авф ё тахфиф ва табдили муҷозоти ҳазору ҳафтод нафар аз маҳкумони муҳокими умумӣ ва инқилоб, Созмони қазоии нерӯҳои мусалаҳ ва таъзироти ҳукуматӣ мувофиқат карданд.

Ин фармон авф дар паи пешниҳоди ҳуҷатулислом валмуслимин Раисӣ раиси қуваи қазоияи Эрон барои авф ё тахфиф ва табдили муҷозоти шуморе аз маҳкумон,ки дорои шароити лозими авф будаанд содир шуд.

Фардо ( сешанбе ) 18 Зилҳаҷаи соли 1440 и ҳиҷрии қамарӣ мусодиф бо 20 августи соли 2019 рӯзи иди саиди Ғадири Хум аз идҳои бузурги мусалмонон аст.

Ғадири Хум,номи минтақае байни Макка ва Мадина аст,ки ҳазрати Муҳаммад (с) Паёмбари гиромии ислом дар Ҳаҷатулвидоъ, ҳазрати имом Алӣ (а) ро валӣ пас аз худ эълом карданд.

Барчасп