Август 19, 2019 18:37 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири умури хориҷаи Эрон бо раисҷумҳури Финляндия

Вазири умури хориҷаи Эрон дар Ҳелсинки бо Саули Нинисто, раисҷумҳури Финляндия дидор ва дар бораи мавзӯоти байналмилалӣ ва минтақаӣ гуфтугӯ кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, ки якшанбешаб дар садри ҳайате сиёсӣ вориди Ҳелсинки шуд, қарор аст имрӯз, душанбе бо вазири умури хориҷа ва вазири тавсеаи ҳамкорӣ ва тиҷорати хориҷии Финляндия низ дидору гуфтугӯ кунад.

Баррасии равобити дуҷониба, ҳамкориҳои аврупоӣ, масоили байналмилалӣ ва минтақаӣ, ҳифзи БарҶом ва созукори “Инстекс” аз муҳимтарин меҳварҳои гуфтугӯи вазири умури хориҷаи Эрон бо мақомоти Финляндия эълом шудааст.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин имрӯз бо ҳузур дар нишасти Андешакадаи мудирияти буҳрони Финляндия, бо аъзои ин андешакада дар бораи амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ кард.

Зариф қарор аст пас аз Финляндия озими Шветсия ва Норвегия шавад.

Дар ҳамин ҳол, дафтари намояндагии Эрон дар Иттиҳоди Аврупо дар паёме дар сафҳаи твиттерӣ навишт: “Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ҳамзамон бо вуруд ба Ҳелсинки эълом кард, Финляндия, Шветсия ва Норвегия дар масоили Ховари Миёна фаъол ҳастанд”.

Дар ин паём омадааст, Зариф зимни ишора ба шароити ҳассоси минтақа, ройзаниҳои фишурдаи байналмилалиро хостор шуд.

Вазири хориҷаи Эрон шаби гузашта ҳангоми вуруд ба Ҳелсинки, дар ҷамъи хабарнигорон, иртибот бо Иттиҳоди Аврупоро барои Эрон муҳим хонд ва бар лузуми иҷрои тааҳҳудоти Аврупо дар чорчӯби БарҶом таъкид кард.