Фаро расидани иди саиди Ғадир бар ҳамаи муслимин муборак
Дар остонаи фаро расидани иди Ғадири хум, саросари Эрони исломӣ якпорча нуру шодмонӣ аст.
Ба ҳамин муносибат боргоҳи нуронии имом Ризо (а) дар шаҳри Машҳади муқаддас низ чароғонӣ ва лабрез аз ҳузури иродатмандони хонадони рисолат аст, ки аз ҳама ҷойи Эрон ва ҷаҳон омадаанд то дар ин шабу рӯзи фархунда дар саҳну сарои имом Ризо (а) меҳмон шаванд.
Дар 24 ё 25 зилқаъдаи соли даҳуми ҳиҷрӣ паёмбар (с) ҳамроҳ бо ҳазорон нафар барои ба ҷой овардани маносики ҳаҷ, аз Мадина ба тарафи Макка ҳаракат кард. Аз он ҷо ки ин ҳаҷ - охирин ҳаҷҷи паёмбар (с) буд, ба ҳаҷҷатулвидоъ машҳур шуд. Вақте аъмоли ҳаҷ поён ёфт ва паёмбар (с) ҳамроҳи мусалмонон Маккаро тарк ва ба тарафи Мадина ҳаракат кард, рӯзи 18 –уми зилҳаҷҷа ба Ғадири хум расиданд ва дар ин макон Ҷабраил ояи таблиғро бар паёмбар (с) нозил кард ва аз ҷониби Худованд ба расули Худо (с) амр намуд то Алӣ (а)-ро ба унвони валӣ ва васӣ баъд аз худ, ба мардум муаррифӣ кунад.
Расули Худо (с) дар Ғадири хум мардумро гирд овард ва дасти Али (а)-ро баланд намуд то ҳамагон ӯро бубинанд ва фармуд: “Эй мардум, оё ман аз худи шумо, бар шумо бештар вилоят надорам?” Мардум посух доданд: “оре, эй расули Худо”.
Ҳазрат фармуд: “Худованд валии ман аст ва ман валии муъминин ҳастам ва ҳар кас, ки ман мавлои ӯям, Алӣ мавлои ӯст. Расули Худо (с) се бор ин ҷумларо такрор кард ва фармуд: “Худовандо, дӯст бидор ва сарпарастӣ кун ҳар касе, ки Алиро дӯст ва сарпарасти худ бидонад ва душман бидор ҳар касе, ки ӯро душман медорад ва ёрӣ намо ҳар касе, ки ӯро ёрӣ менамояд ва ба ҳоли худ раҳо кун ҳар касе, ки ӯро во мегузорад”.
Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон фаро расидани ин идро ба ҳамаи муслимини ҷаҳон табрик арз мекунад.