Август 21, 2019 20:53 Asia/Dushanbe

Фардо – панҷшанбе, бистуми зилҳаҷҷа, баробар бо 22 август ва 31 мурдод, солрӯзи валодати ҳазрати имом Мӯсо Козим (а), аз наберагони гиромии расули акрам (с) аст.

Имом Мӯсо Козим (а) фарзанди ҳазрати имом Ҷаъфари Содиқ (а), ҳафтумин дурри садафи вилоят, 20 зилҳаҷҷаи соли 128 –и ҳиҷрии қамарӣ дар рустои байни Макка ва Мадина мутаваллид шуданд.

Эшон дар илм, тавозуъ , зиёдии садақот, саховату бахшандагӣ ва сабру фурӯ бурдани хашми худ шӯҳраи омму хос буданд ва аз ин ҷиҳат ба эшон “Козим” лақаб додаанд.

Имом Мӯсо Козим (а) бо ҷамъоварии ривоёт, аҳодису аҳком ва эҳёи суннатҳои падари гиромиашон имом Ҷаъфари Содиқ (а) ва низ таълиму иршоди мусалмонон, Исломи ростинро ҳифз ва тақвият карданд.

Мардуми Эрони исломӣ дар шабу рӯзи валодати он имоми бузургвор, бо барпоии ойинҳои ҷашн ва ҳузур дар масоҷид ва амокини мазҳабӣ, ба вижа ҳарами нуронии фарзанди эшон ҳазрати Ризо (а) дар шаҳри Машҳад, ба остони хонадони исмат ва таҳорат ибрози адабу иродат мекунанд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи валодати ҳазрати имом Мӯсо Козим (а)-ро ба ҳамаи мусалмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.