Баргузории шабҳои муштараки фарҳангии Теҳрон-Ишқобод ба мизбонии Эрон
(last modified Thu, 22 Aug 2019 07:52:52 GMT )
Август 22, 2019 12:52 Asia/Dushanbe
  • Баргузории шабҳои муштараки фарҳангии Теҳрон-Ишқобод ба мизбонии Эрон

Шабҳои муштараки фарҳангии Теҳрон-Ишқобод ба мизбонии Эрон дар ҳоли баргузорӣ аст.

Ройзани фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Туркманистон аз баргузории шабҳои муштараки фарҳангӣ ва ҳунарии муштарак гуфт, шабҳои муштараки ду кишвар ба муносибати Иди саиди Ғадири хум панҷшанбе ва ҷумъа 22 август то 23 август дар ҳоли баргузорӣ аст.

Вай афзуд, ин руйдоди фарҳангӣ ва ҳунарӣ ба ҳиммати Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ ва ба мизбонии идораи кулли фарҳанг ва иршоди исломии Хуросони шимолӣ, шаҳрдории Буҷнурд ва идораи кулли мироси фарҳангӣ ва гардишгарии ин устон дар ҳоли баргузорӣ аст.

Ройзани фарҳангии Эрон дар идома гуфт, як ҳайати 20 нафара аз ҳунармандони ҳунарҳои суннатӣ ва ҳаракоти оинии Туркманистон аз Вазорати фарҳанги ин кишвар ба даъвати идораи кулли фарҳанг ва иршоди исломии Хуросони шимолӣ дар ин барномаи фарҳангӣ, ки дар чорчуби афзоиши сатҳи таомулоти фарҳангии ду кишвар барномарезӣ шудааст ширкат карданд.

Хониён ҳамчунин изҳор дошт, ин барнома таи ду шаб дар маҳалли маркази сайёҳатии Бешқордош-и Буҷнурд ва бо мушорикати ҳунармандони эронӣ аз устони Хуросони шимолӣ баргузор мешавад ва дар ҳошияи он ғурфаҳои намоиши саноати дастӣ тавассути ҳунармандони ин ришта баргузор мешавад.

Ройзани фарҳангии Эрон дар Туркманитсон хотирнишон кард, пас аз баргузории нахустин Наврӯзгоҳи муштараки фарҳангии Эрон ва Туркманистон дар Боҷгирон шабҳои муштараки фарҳангии ду кишвар нахустин ибтикор дар навъи худ барои афзоиши иртибототи фарҳангии фи мобайн дар чорчуби алоқамандии ду кишвар барои густариши мубодилоти фарҳангӣ ба шумор меравад.

Ҷумҳурии исломи Эрон ва Туркманистон ба унвони ду кишвари ҳамсоя дорои манофеи муштараки минтақаӣ ҳастанд вуҷуди марзи муштараки ду кишвар ба ҳисоб меояд. То кунун як мазияти мунҳасир ба фард барои равнақи равобити тиҷорӣ ва гардишгарии ду кишвар ба ҳисоб меояд. То кунун чандин бор ҳафтаҳои фарҳангӣ ва ҳамчунин ҳафтаҳои филми Эрон ва Туркманистон дар ду кишвар ба сурати дуҷониба баргузор ва мавриди истиқболи ду миллат қарор гирифтааст.